1 сентябр дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат Дарси сулҳ баргузор мегардад

14-08-2024
Имсол низ дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат аз ҷумла дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе Дарси сулҳ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Ҳамасола дар ин рӯз чун анъана дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ҷамъомади идона баргузор шуда, омӯзгорон хонандагонро барои аз худ намудани дониши хубу аъло ва минбаъд омода будан барои хизмати шоиставу арзанда ба Ватану миллат даъват менамоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо изҳор намуда буданд, ки «Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ беҳтарин имконияте аст, ки мо дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир нақши сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа таъкид месозем, доир ба таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла дастоварду мушкилоти яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ — мактабу маориф изҳори назар намуда, бори дигар таваҷҷуҳи мактаб, оила ва ҷомеаро барои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия дар мамлакат ҷалб менамоем».
Дар соли хониши 2024-2025 тақрибан 260 ҳазор нафар нахустин маротиба қадам ба мактаб мемонанд, ки 125 ҳазорашро духтарон ва 135 ҳазорашро писарон ташкил медиҳанд.
Тавре дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 360 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ барои 73 ҳазору 962 ҷойи нишаст дар як баст ба нақша гирифта шудааст.
То имрӯз 39 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ барои 7 884 ҷойи нишаст дар як баст сохта, ба истифода дода шуд, ки зиёда аз 10 фоизи нақша мебошад. Аз ин шумора 19 иншоот барои 3 136 ҷойи нишаст ба тариқи ҳашар ва бо ҷалби соҳибкорон ва 16 иншоот барои 3 724 ҷойи нишаст дар як баст аз ҳисоби шарикони рушд сохта шудааст.
Дар доираи иҷрои Нақшаи амали «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» дар марҳилаи якум (солҳои 2022-2024) бинои 56 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 14 ҳазору 469 ҷойи нишаст сохтмону навсозӣ гардид, ки 32,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Дар маҷмуъ, дар ҷумҳурӣ 3991 мактаб фаъолият мекунад, ки дар онҳо 2 миллиону 278 ҳазору 648 нафар хонандагон таҳсил менамоянд.