Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо 14 ташкилоти байналмилалӣ ҳамкорӣ дорад

23-07-2024
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон робита ва ҳамкориро бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи мамлакат густариш дода, ҳоло бо 14 ташкилоти байналмилалӣ ва 32 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Даврон Сафарзода иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки Академия барномаи табодули академиро бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар асоси созишномаҳои ҳамкорӣ ба роҳ мондааст. Моҳи феврали соли 2024, дар доираи ин барнома 23 нафар донишҷӯ ба муассисаҳои олии касбии хориҷӣ, ки академия бо онҳо созишномаҳои ҳамкорӣ дорад сафарбар гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол хазинаи китобхонаи илмӣ ва электронии академия 2 миллиону 279 ҳазору 125 нусхаро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 23 125 нусха дар хазинаи асосӣ ва 2 миллиону 256 ҳазор маводи электронӣ дар фонди китобхона дастрас мебошад.
Ҳамзамон ба гуфтаи ректори Академия дар давраи ҳисоботӣ 36 нафар аз ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони академия дар дохил ва хориҷи мамлакат аз машғулиятҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштанд.