ҶАЛБИ САРМОЯҲОИ ХОРИҶӢ ДАР БУНЁДИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

12-08-2024
12-уми августи соли ҷорӣ муовини вазири маориф ва илми кишвар Равшан Каримзода дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ваҳдат аз рафти сохтмони муассисаи навбунёди деҳаи Нӯрафшони ҷамоати деҳоти Баҳор дидан намуд.
Дар рафти боздид тавре муайян гардид муассисаи мазкур бо сармоягузории Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бино карда мешавад. Айни замон қисмати асосии бино сохта шуда, корҳо дар қисматҳои иловагии бино идома дорад.
Муовини вазири маориф ва илм вобаста ба муҷаҳҳазгардони синфхонаҳо бо мизу курсӣ, тахтаи синф, кабинетҳои фаннӣ ва ҳарчӣ зудтар ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ бо масъулини шуъбаи маорифи шаҳри Ваҳдат вохӯрию суҳбат анҷом дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон