ҲАМКОРИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО БАРНОМАИ ОЗУҚАВОРИИ ҶАҲОНИИ СММ ДАР САМТИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ ВУСЪАТ МЕЁБАД

23-07-2024
23-юми июли соли ҷорӣ дар деҳаи Навободи ноҳияи Рудакӣ дар доираи барномаи ғизои мактабї тақдими маводҳои ғизои мактабї бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Дилшод, намояндаи Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вера Валервна, директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам баргузор гардид.
Зимни сухани ифтитоҳӣ, муовини вазири маориф ва илм ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милал Муттаҳид изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Қайд гардид, ки маводҳои хӯрока барои ғизои мактабӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, рӯзҳои наздик дастрас карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ғизои мактабї яке аз соҳаҳои муҳимми иҷтимоии давлату ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар ин росто, Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон