ҲАМОИШ. ТАВАҶҶУҲИ АСОСӢ БА МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛ РАВОНА ГАРДИД

15-08-2024
Имрӯз, 15 август дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо” бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода ва ҷалби мутахассисону коршиносон аз низоми таҳсилоти асосӣ ва иловагӣ ҳамоиш дар мавзуи “Натиҷагирии олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ: баррасии мушкилот ва дурнамои ҳалли онҳо” баргузор гардида, масъалаи омодагии хонандагон ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд.
Дар кори ҳамоиш директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта – мактабҳои президентӣ, литсейҳо барои хонандагони болаёқат ва гимназияи ҷумҳуриявӣ тариқи маҷозӣ иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш, баъди сухани ифтитоҳӣ ва масъалагузории муовини вазири маориф ва илм таваҷҷуҳи асосӣ ба мушкилоти ҳаракати олимпии фаннӣ ва роҳҳу усулҳои имконпазири ҳалли онҳо баррасӣ карда шуданд.