ҲАМОИШИ СУДМАНД

12-03-2019
12-уми марти соли ҷорӣ дар толори Донишгоҳи Руссеи ба номи Ангел Кончеви Ҷумҳурии Булғория нахустин вохӯрии шарикони лоиҳаи «Навсозии низоми таҳсилоти олӣ дар Осиёи Марказӣ тавассути технологияи ҳозирамон» («Модернизации системы высшего образования в странах Центральной Азии через новые технологии») оғоз гардид. Дар кори ҷаласа  муовинони вазирони маориф ва илм ва намояндагони 15 донишгоҳ аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркменистон, Ӯзбекистон, Италия, Люксембург, Португалия иштирок доранд. 
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам С. Давлатзода ва намояндагон аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев намояндагӣ доранд. 
Гуфта мешавад, ки мақсад аз баргузории ҳамоиши мазкур омӯзиши таҷрибаи корӣ дар самти навсозии низоми таҳсилоти олӣ ва роҳҳои дуруст истифода бурдан аз воситаҳои коммуникатсионӣ ва технологияи навин дар донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Дар назар аст, ки пас аз анҷоми чорабинӣ дар ҳар як донишгоҳи  Осиёи Марказӣ Марказҳои технологияҳои иноватсионии таҳсилот бо модели «ru.» таъсис дода мешавад.
Ҳамоиш рӯзи 15-уми марти соли равон кори худро хотима медиҳад.