БА ИСТИҚБОЛИ ИШТИРОКДОРОНИ 54-УМИН ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНИИ «IPhO» АЗ ФАННИ ФИЗИКА

31-07-2024
Аз 21 то 29 июли соли 2024 дар Донишгоҳи Технологии вилояти Исфаҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон 54-умин Олимпиадаи ҷаҳонии «IPhO» аз фанни физика баргузор гардид. Дар ин олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ 44 давлат, 2 кишвари меҳмон ва зиёда аз 198 нафар хонандагони болаёқат бо ҳам сабқати илмӣ намуданд. Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро 5 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии кишвар муаррифӣ намуда, як ҷойи III ва як ҷойи ифтихорӣ ба даст оварданд.
Сӯбҳи имрӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ғолибонро роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо», омӯзгорон ва волидон истиқболи гарм намуданд. 
Бояд таъкид намуд, ки дар Олимпиадаи ҷаҳонии «IPhO» аз фанни физика ду нафар хонандагон Салимов Хусанҷон хонандаи синфи 11 аз Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи III ва Ҳайдари Муҳаммадробеъ хонандаи синфи 11 аз Муассисаи давлатии таълимии «Литсей №3 барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Боиси тазаккур аст, ки дар ин олимпиада 2 нафар муҳассилини «Литсей интернати тоҷикӣ-русии Ҳотам ва П.В» дар шаҳри Душанбе иштирок доштанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ аз соли 2007 ин ҷониб иштирок дошта, аз шумораи 46 нафар иштирокдорон дар умум 3 медали нуқра, 16 медали биринҷӣ ва 13 ҷойи ифтихориро ба даст овардаанд.