БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДОИР БА ВАЗЪИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТҲОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

15-08-2024
15-уми августи соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода баргузор гардид, ки дар он вазъи мактаб-интернатҳои мақоми маҳаллӣ ва ҷумҳуриявидоштаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласа муовини вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, директорони мактаб-интернатҳои мақоми маҳалӣ ва ҷумҳуриявидоштаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар кормандони соҳаи маориф ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Нахуст, оид ба фаъолияти мактаб-интернатҳои ҷумҳурӣ вазири маориф ва илм суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро соҳаи афзалиятнок эълон намуда, пайваста барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, зиёд намудани маоши омӯзгорон, бо техникаву технологияи муосир муҷаҳҳаз гардонидани муассисаҳои таълимӣ, тайёр намудани мутаххасисони соҳибтаҷриба ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохиливу ҳориҷӣ тамоми чораҳоро меандешанд. Ҳамзамон сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат ятимону бепарасторон ва табақаи ниёзмандро дастгиру пуштибон буда, барои онҳо шароити хуби таҳсилу корро фароҳам овардааст.
Дар идома, раиси ҷаласа таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, иштироки бештари муҳассилини муассисаҳои мазкур дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонгузаронӣ ва баргузории ҳар гуна машғулиятҳо барои ятимону бепарастон баъд аз дарс нигаронида, иброз дошт, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои мазкур дар шароити замони муосир аз ҷониби масъулин масъулияти боз ҳам бештарро талаб менамояд.
Дар охир вазири маориф ва илм бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара, фармоишҳои вазири маориф ва илм ва масъалагузориҳо ба директорони мактаб-интернатҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон