БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ МАШВАРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ

31-07-2024
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ироагардида, 31-уми июли соли 2024 дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи машваратии назди вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор шуд.
Дар ҷаласаи мазкур муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар оғоз вазири маориф ва илм аз тавваҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуда, қайд намуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки соҳа ин тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳони муосир мебошад. Аз ин рӯ беҳтар намудани сатҳу сифати таълим, назорати давомоти донишҷуён, муҷаҳҳаз намудани паркҳои технологӣ бо технологияи навин ва татбиқи навтарин пажуҳиш ва донишҳои муосир дар раванди таълим барои дастовардҳои нав ба нав дар илми тоҷик заминаи мусоид фароҳам меорад.
Вазири маориф ва илм дар идома вобаста ба масъалаҳои ҷамъбасти сессисияи тобистонаи донишҷўён, ҷараёни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, сарбории таълимии омўзгорон, татбиқи нақшаи чорабиниҳои “Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва омодагӣ ба соли нави таҳсил ва ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ ибрози назар намуд.
Дар охир аз ҷониби вазири маориф ва илм ҷиҳати бартарафсозии мушкилиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон