БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ БО ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ

02-08-2024
2-юми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати кишвар дода шуданд, ҳамчунин, ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои зиёде, аз қабили фарогирии бештари кӯдакон ба марказҳои инкишофи кӯдак ва муассисаҳои томактабӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, фаро гирифтан ба зинаи сеюми таҳсилот, риояи ҳатмии либосҳои тавсиявӣ, ба тариқи биллингӣ пардохт намудани маблағи китобҳои дарсӣ, аз такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон, омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонгузаронӣ, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласа аъзои гурӯҳи корӣ аз Вазорати маориф ва илм, сардори раёсат, мудирони шуъбаҳои маорифи минтақаи Кӯлоб ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақа иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ муовини вазири маориф ва илм аз таваҷҷуҳу дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, қайд намуд, ки ҳар яки моро зарур аст, дар ҷавоб ба ғамхориҳои Сарвари давлат рисолати омӯзгории худро бо масъулияти баланд иҷро намоем. Гуфта шуд, ки баҳри иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шомил нагардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстримистӣ ва ҳамкории волидайн бо мактабу омӯзгор ҳарчӣ бештар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад.
Ҳамзамон оид ба омодагӣ ба соли нави таҳсил, масъалаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони соҳибихтисос, китобҳои дарсиву бадеӣ ва иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ибрози андеша намуд.
Дар охир муовини вазири маориф ва илм таъкид кард, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати маориф ва илм дар самти тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ тадбирҳои судманд андешида шавад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон