БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ДАР ДОИРАИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

31-07-2024
31-уми июли соли 2024 дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати кишвар дода шуданд, ҷаласаи кории вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат ва дигар кормандони соҳаи маориф ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар оғоз вазири маориф ва илм аз таваҷҷуҳу дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, қайд намуд, ки маориф ва илм чун соҳаҳои калидӣ таҳти таваҷҷуҳи рӯзафзуни Сарвари давлат қарор дорад. Дар ин баробар мо, кормандони соҳаро мебояд бо азму иродаи қавӣ баҳри рушди он тамоми неру ва талоши худро равона созем.
Вазири маориф ва илм дар идома вобаста ба масъалаҳои фарогирии бештари кӯдакон ба марказҳои инкишофи кӯдак ва муассисаҳои томактабӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, фаро гирифтан ба зинаи сеюми таҳсилот, риояи ҳатмии либосҳои тавсиявӣ, ба тариқи биллингӣ пардохт намудани маблағи китобҳои дарсӣ, аз такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон, омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонгузаронӣ, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва ғайраҳо ибрози назар намуд.
Қайд гардид, ки иҷрои саривақтии стратегияву барномаҳо дар соҳаи маориф ва илм, софдилона ва беғаразона анҷом додани вазифаву уҳдадориҳои ба зиммагузошта, роҳ надодан ба ҳар гуна амалҳои номатлуб, таълиму тарбияи дурусти насли наврас ва қадрдонии таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду тавсеаи маорифи миллӣ омили таъсиррасон ба ҳисоб меравад.
Дар охир аз ҷониби вазири маориф ва илм ҷиҳати бартарафсозии мушкилиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон