Беш аз 1000 корманди соҳаи маориф дар ноҳияи Фирдавсӣ ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайваст

26-07-2024
25 июл дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Маорифчиён»-и Шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Конференсияи VIII ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ хабар доданд.
Дар конференсия ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Маорифчиён» оид ба фаъолияти кумита аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуда, иброз гардид, ки дар як соли охир 1038 нафар корманд ба сафи ҳизб пайвастанд. Инчунин дар ҷаласа раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Маорифчиён» интихоб шуд.
Дар конференсия гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун созмони боэтимоди сиёсии мардумӣ таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ барои устувориву пойдории сулҳ ва ободии Ватан кӯшиш ба харҷ дода, ҳадафи асосиаш низ ваҳдату ягонагӣ, таъмини ояндаи неки ҷумҳурӣ аст.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён вобаста ба низоми давлати демократию дунявӣ, нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии мамлакат, вазъи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва дар ин замина иштироки шаҳрвандон дар ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ, пешгирӣ аз хурофот, соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, боло бурдани фарҳанги ҳуқуқию сиёсии ҷомеа ва нақшу мақом ва масъулияти аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин росто, инчунин вобаста ба мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини ҷумҳурӣ ибрози андеша намуд.