БОЗДИДИ ГУРӮҲИ КОРӢ АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

01-08-2024
1-уми августи соли 2024 дар идомаи сафар гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода аз ҳолати омодагӣ ба соли нави хониш аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №18 ва 15-и деҳоти Лоҳутӣ ва Дараи Мухтори ноҳияи Ховалинг дидан намуданд.
Зимни аз назар гузаронии муассисаҳои таълими муовини вазири маориф ва илм таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактабу маорифро дар сиёсати худ чун соҳаи афзалиятнок дар ҷойи аввал гузошта, барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, зиёд намудани маоши омӯзгорон, бунёди муассисаҳои таълимии наву замонавӣ ва муҷаҳҳаз намудани онҳо бо технологияи муосир чораҳои назарраси амалиро рӯйи кор гирифтанд. Бо шарофати ин ғамхориҳо имрӯзҳо соҳаи илму маориф ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.Зимни аз назар гузаронии муассисаҳои таълими муовини вазири маориф ва илм таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактабу маорифро дар сиёсати худ чун соҳаи афзалиятнок дар ҷойи аввал гузошта, барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, зиёд намудани маоши омӯзгорон, бунёди муассисаҳои таълимии наву замонавӣ ва муҷаҳҳаз намудани онҳо бо технологияи муосир чораҳои назарраси амалиро рӯйи кор гирифтанд. Бо шарофати ин ғамхориҳо имрӯзҳо соҳаи илму маориф ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Дар идома муовини вазир доир ба омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил, масъалаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони соҳибихтисос, китобҳои дарсиву бадеӣ, фарогирии толибилмон ба муассисаҳои томактабӣ, ҷалби хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот, омодагӣ ба машваратҳои августӣ миёни омӯзгорон, таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ, омодагӣ ба фасли зимистон, иштирок дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас ибрози андеша намуд. Дар идома муовини вазир доир ба омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил, масъалаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони соҳибихтисос, китобҳои дарсиву бадеӣ, фарогирии толибилмон ба муассисаҳои томактабӣ, ҷалби хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот, омодагӣ ба машваратҳои августӣ миёни омӯзгорон, таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ, омодагӣ ба фасли зимистон, иштирок дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас ибрози андеша намуд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои супоришҳои вазири маориф ва илм гурӯҳи корӣ аз ҳолати омодагӣ ба соли нави хониш аз як қатор муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон дидан намуда истодаанд.Ёдовар мешавем, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои супоришҳои вазири маориф ва илм гурӯҳи корӣ аз ҳолати омодагӣ ба соли нави хониш аз як қатор муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон дидан намуда истодаанд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон