Боздиди муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Ҷуразода Ҷамшед Ҳабибулло аз рафти фаоълияти илми-таҳқиқотӣ ва эҷодии академикон, ходимони илмии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ.

09-08-2024
Санаи 9-уми август муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Ҷуразода Ҷамшед Ҳабибулло аз рафти фаоълияти илми-таҳқиқоти ва эҷодии академикон, ходимони илмии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ боздид намуд.
Ҳамзамон  муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳлили нашри мақолаҳои илмӣ, дастурҳои методӣ, таълифи адабиёти таълимӣ, стандарту барномаҳо ва китобҳои дарсӣ аз фанҳои математика, забони тоҷикӣ ва хониши адабӣ бо масъулини раёсат ва шӯъбаҳо дар алоҳидагӣ суҳбату пурсишҳо намуда, дастуру супоришҳои муфид доданд.