БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №10 НОҲИЯИ ДАРВОЗ

16-08-2024
16-уми августи соли ҷорӣ дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 ба номи Ҳакимов Шораҳими ноҳияи Дарвоз дидан намуд.
Зимни боздид вазири маориф ва илм дар муассисаи мазкур бо вазъи омодагӣ ба соли нави таҳсил ва фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода, инчунин, таъмини муассиса бо кадрҳои омӯзгорию ҷойи нишаст шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи мазкур 132 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 14 нафар омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд. Аз фанҳои химия, биология, геометрия ва таълими меҳнат норасоии омӯзгорон ҷой дошта, ҷиҳати омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистон 12 тонна ангишт захира карда шудааст.
Зимни суҳбат бо роҳбарият ва омӯзгорони муассиса вазири маориф ва илм даъват ба амал овард, ки ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф фаъолиятро тақвият бахшида, дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омода намудани мутахассисони хуби забондон, муҳимтар аз ҳама, таъмини муассиса бо кадрҳои ихтисосманди омӯзгорӣ тадбирҳои судманд андешанд.