БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №14 НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН

16-08-2024
16-уми августи соли ҷорӣ бо мақсади шиносоӣ аз вазъи муассисаҳои таълимӣ дар минтақаҳо, хусусан, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил ва фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода, инчунин, таъмини муассисаҳо бо кадрҳои омӯзгорию ҷойи нишаст вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 деҳаи Хирманҷои ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дидан намуд.
Зимни боздиди вазир иттилоъ дода шуд, дар муассиса 160 нафар хонанда таҳсил намуда, дар соли таҳсили 2024-2025 12 нафар ба синфи як қабул шудааст. Ба хонандагон 17 нафар омӯзгор (7 зан) таълиму тарбия медиҳанд. Зикр шуд, ки дар муассисаи мазкур аз фанни забон ва адабиёти рус норасоии омӯзгор мавҷуд аст.
Вазири маориф ва илм дар муассиса бо роҳбарият ва омӯзгорон суҳбати самимӣ анҷом дода, дархосту пешниҳодҳои омӯзгоронро ҷиҳати рушди соҳаи маориф шунид.
Дар рафти суҳбат бо омӯзгорон аз ҷониби вазири маориф ва илм даъват ба амал оварда шуд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф фаъолиятро дучанд ба роҳ монда, дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ, ҳамеша тозаву озода нигоҳ доштани муҳити муассисаи таълимӣ ва муҳимтар аз ҳама, дар самти баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони хуби забондон бештар саҳмгузор бошанд.