БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №8 НОҲИЯИ РӮШОН

16-08-2024
Дар идомаи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода 16-уми августи соли 2024 аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон дидан намуд.
Зимни боздид вазири маориф ва илм дар муассисаи мазкур бо вазъи омодагӣ ба соли нави таҳсил ва фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода, инчунин, таъмини муассиса бо кадрҳои омӯзгорию ҷойи нишаст шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи мазкур 325 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, дар соли таҳсили 2024-2025 21 нафар ба синфи як қабул шудааст. Ба хонандагон 35 омӯзгор (21 зан) таълиму тарбия медиҳанд. Гуфта шуд, ки ҷиҳати омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистон 28 тонна ангишт захира карда шудааст.
Зимни суҳбат бо роҳбарият ва омӯзгорони муассиса вазири маориф ва илм даъват ба амал овард, ки ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф фаъолиятро тақвият бахшида, дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омода намудани мутахассисони хуби забондон, муҳимтар аз ҳама, таъмини муассиса бо кадрҳои ихтисосманди омӯзгорӣ тадбирҳои судманд андешанд.