БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ МИНТАҚАИ РАШТ

12-08-2024
Рӯзҳои 10-ум ва 11-уми августи соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз рафти омодагӣ ба соли нави хониш ва бунёди муассисаҳои таълимӣ аз минтақаи Рашт дидан намуд.
Зимни боздид вазири маориф ва илм аз рафти омодагии муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Рашт, Нуробод ва Сангвор ба соли нави хониш иброз дошт, ки масъулини соҳаро мебояд, дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои фарогирии бештари кӯдакон ба марказҳои инкишофи кӯдак ва муассисаҳои томактабӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, фаро гирифтан ба зинаи сеюми таҳсилот, риояи ҳатмии либосҳои тавсиявӣ, ба тариқи биллингӣ пардохт намудани маблағи китобҳои дарсӣ, аз такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон, омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонгузаронӣ, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Дар идомаи сафар вазири маориф ва илм аз иншооти сохташаванда дар самти маориф дар ноҳияи Сангвор шинос шуда, ба масъулин дастур дод, ки корҳои сохтмонӣ бояд бо сифати баланд, ҷавобгӯ ба талабот ва дар вақти муайянгардида сохта ба истифода дода шаванд.
Ҳамзамон, дар доираи ин сафар, вазири маориф ва илм аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар минтақаҳое, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, шинос гардид.


Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон