Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон-истиқоматкунандагони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон мерасонем, ки санаи 02.07.2022, аз соати 09:00 то соати 11:00 дар Коллеҷи инноватсионӣ- тиббии шаҳри Бохтар аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ва муовинони ӯ қабули сайёри шаҳрвандон баргузор мегардад.