Дар Бадахшон 7 бинои кӯдакистон ба истифода дода мешавад

14-08-2024
То охири соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 7 бинои кӯдакистон бо фарогирии 585 кӯдак сохта, ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус 12 август зимни нишасти матбуотӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд.
Дар вилоят дар айни замон барои фароғати наврасон 5 истироҳатгоҳ фаъолият мекунад. Дар нақша аст, ки то охири таътил зиёда аз 1000 кӯдак ба истироҳатгоҳ ҷалб гарданд.
Дар вилоят соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 29 иншооти соҳаи маориф ба маблағи зиёда аз 160 миллион сомонӣ идома меёбад.
Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар вилоят бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҷашни Истиқлоли давлатӣ 16 муассисаи тандурустӣ ба истифода дода мешавад. Дар айни замон сохтмони беморхонаҳои вилоятӣ ва марказии ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз оғоз гардидааст.