Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Стратегияи рушд қабул гардид

03-08-2024
Имсол Стратегияи рушди Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» барои давраи то соли 2040» ва Нақшаи амали Стратегияи рушди Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» барои давраи то соли 2040 дар марҳилаи якум (солҳои 2024-2026) таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2024 тасдиқ гардид, ки дар низоми таҳсили олии мамлакат падидаи нав маҳсуб мешавад. Ин нуктаро ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода 2 август дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
 
Убайдулло Асрорзода афзуд, ки Стратегияи рушди донишгоҳ барои давраи то соли 2040 аз 8 боб ва 10 самти асосӣ- такмили низоми идоракунии донишгоҳ, рушди инфрасохтори донишгоҳ, рақамикунонии фаъолияти донишгоҳ, такмили сиёсати академию таҳсилотӣ, тақвияти иқтидори кадрӣ, рушд ва дастгирии таҳқиқоти илмӣ ва фаъолияти инноватсионӣ, густариши робитаҳои байналмилалӣ, тақвияти фаъолияти тарбиявӣ ва рушди иҷтимоӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо субъектҳои бозори меҳнат ва татбиқи принсипҳои рушди устувор дар фаъолияти донишгоҳ иборат мебошад. Стратегия дар 7 марҳила бо таҳияи нақшаҳои татбиқи он амалӣ карда мешавад.
 
Татбиқи ҳадафу вазифаҳои алоҳидаи Стратегияи рушди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ба монанди таҳияи низоми менеҷменти сифат, рақамикунонии равандҳои таълим, рушди таҳқиқоти илмӣ ва тиҷоратикунонии натиҷаҳои он, густариши робитаҳои байналмилалӣ, татбиқи принсипҳои иқтисоди «сабз» на танҳо барои донишгоҳ, балки баҳри дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва низоми таҳсилоти олии мамлакат муфид мебошад.