Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар мутахассисони варзидаи мутобиқ ба сатҳи байналмилалӣ омода мешаванд.

29-07-2024
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 131 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла 1 нафар дар шуъбаи рӯзона, 128 нафар фосилавӣ ва 2 нафар дар зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос таҳсил менамоянд. Донишҷӯёни хориҷӣ аз Ҷумҳурии Узбекистон, Афғонистон ва Федератсияи Русия мебошанд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзода иттилоъ дод.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти донишгоҳ- ин таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо барои баланд бардоштани сифати таҳсил ва омӯхтани таҷрибаи пешқадами хориҷӣ аз ҷониби омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ва ба ин васила омода намудани мутахассисони варзида дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишгоҳ ба шумор меравад. Сол ба сол ҳудуд ва доираи ҳамкории донишгоҳ васеъ гардида, ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимию ташкилоти хориҷии минтақавӣ ва давлатҳои хориҷии дуру наздик ба роҳ монда мешавад.
Ҳоло донишгоҳ бо 32 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ оид ба табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва гузаронидани барномаҳои муштараки таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани маърузаҳо аз тарафи устодони донишгоҳҳо, навиштани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани даврҳои такмили омӯзгорон дорад.
Дар доираи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Беларус бо донишгоҳҳои ин давлатҳо, ба монанди Донишгоҳи давлатии Рязан ба номи С.А. Есенин, Донишгоҳи давлатии Гордон ба номи Янки Купало, Донишгоҳи давлатии Брест ба номи А.С. Пушкин, Донишгоҳи давлатии Полоск ба номи Ефрасини Полоский шартномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шудаанд.