Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон беш аз 700 донишҷӯ ба тариқи квота таҳсил менамояд

11-08-2024
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар маҷмуъ 760 донишҷӯ ба тариқи квота таҳсил мекунад, ки ҳамаи онҳо аз ноҳияҳои дурдасти мамлакат мебошанд. Дар ин хусус 7 август ректори донишгоҳ Маҳмадшоҳ Гулзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Теъдоди донишҷӯён дар донишгоҳ 12 734 нафар буда, бо муҳассилини баъдидипломии илмӣ ва муолиҷавӣ 1543 нафар, дар якҷоягӣ 14 277 нафарро ташкил медиҳад.
Дар донишгоҳ 1776 муҳассилини хориҷӣ аз 27 давлати ҷаҳон, аз ҷумла аз Ҳиндустон, Финландия, Руанда, Зимбабве, Афғонистон ва Федератсияи Русия таҳсил мекунанд.
Дар ҷараёни нишаст иттилоъ дода шуд, ки имсол донишгоҳро 2022 нафар хатм намуданд, ки 1708 нафар донишҷӯёни ватанӣ ва 314 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз 11 давлати дунё мебошанд.