Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ду ихтисоси нав омӯзонида мешавад

07-08-2024
Дар барномаи таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои соли нави таҳсили 2025-2026 ду ихтисоси нав- «Биохимияи клиникӣ» ва «Психологияи тиббӣ» илова карда шуд, ки қадами нав дар рушди ин соҳаи муҳим мебошад. Ин матлабро ректори донишгоҳ Маҳмадшоҳ Гулзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён намуд.
Бо назардошти талаботи соҳаи тандурустии мамлакат, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии озмоишгоҳҳои тиббию иҷтимоӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ба таълими ин ду ихтисос дар соли таҳсили оянда иҷозат дода мешавад.
Донишгоҳ заминаи мусоидро барои омода намудани мутахассисони босалоҳият дар самти озмоиши клиникӣ омода намудааст. Вобаста ба ин барои пойгоҳи Пажуҳишгоҳи тибби бунёдии донишгоҳ дастгоҳҳои муосири озмоишӣ харидорӣ гардиданд.
Инчунин барои таъмини таҳсилоти босифат баҳри омода намудани мутахассисони самти психологияи тиббӣ Созишномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи таҳқиқотии тиббии Приволжскийи Федератсияи Русия ва Донишгоҳи улумпизишкии Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расонида шуд. Дар доираи созишномаҳо мубодилаи академии омӯзгорон, таҷрибаомӯзӣ ва машғулияти муштарак амалӣ шуда, мутахассисон аз рӯи барномаҳои нави таълимӣ омода карда мешаванд.
Дар донишгоҳ аз рӯи 40 ихтисос мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар зинаи таҳсили баъдидипломӣ, аз ҷумла таҳсил дар зинаи интернатура, ординатураи клиникӣ, ихтисосгирии аввалин, магистратура, аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисоси (PhD) ва докторантура омода мешаванд.