Дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон 67 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил менамояд

10-08-2024
Дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон 67 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил дорад, ки аз ҷумҳуриҳои Узбекистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Бангладеш, Малайзия ва Нигерия мебошанд. Ин шумора нисбат ба соли 2023 33 нафар зиёд мебошад. Дар ин хусус ректори донишкада Зарина Ибодзода 8 август зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Теъдоди донишҷӯёни донишкада дар айни замон 2461 нафар мебошад, ки нисбат ба шашмоҳаи соли 2023 713 нафар зиёд аст.
Дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон аз рӯи 5 ихтисос- «Психологияи тиббӣ», «Кори табобатӣ», «Кори иҷтимоӣ» (фаъолияти иҷтимоӣ-тиббӣ-психологӣ), «Стоматологӣ» ва «Фармасевтӣ» мутахассисони соҳаи тиб ва иҷтимоӣ дар зинаи таҳсили олии касбӣ омода мегарданд.
Зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд, ки донишкада бо 12 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ ҳамкории дуҷониба дар самти таҳсил, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, табодули таҷрибаи донишҷӯён, ҳайати профессорону омӯзгорон ва дигар самтҳои соҳаи тибро амалӣ намудааст. Аз ҷумла, моҳи январи соли 2024 раёсати донишкада бо намояндагони давлатҳои Миср, Австралия ва Бангладеш барои вусъат додани ҳамкории тарафайн вохӯрӣ намуд.