Дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон музеи анатомӣ ва Маркази малакаҳои омӯзиши амалӣ таъсис ёфт

08-08-2024
Дар шашмоҳаи аввали соли 2024 дар назди Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимии назди Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон музеи анатомӣ ва Маркази малакаҳои омӯзиши амалӣ таъсис дода шуд. Дар ин хусус ректори донишкада Зарина Ибодзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Мақсади Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ ба ташаккул, инкишоф додан ва дасттирии салоҳиятноки клиникии донишҷӯён дар самти омӯзиши клиникӣ аз ихтисосҳои акушерӣ ва гинекологӣ, бемориҳои дарунӣ, бемориҳои кӯдакона, неонатология, бемориҳси чашм, бемориҳои гӯшу гулӯву бинӣ, реаниматология ва ёрии таъҷилӣ, стоматология, тибби оилавӣ, травматология, ҷарроҳӣ, анатомияи одам, кори ҳамширагӣ, одоби муошират бо беморон ва наздикони онҳо ва дигар самтҳои соҳаи тиб равона шудааст», -гуфт ректори донишкада.
Иттилоъ дода шуд, ки дар раванди омӯзиши моделҳои автоматикунонида ва виртуалӣ, дасттоҳҳо ва таҷҳизоти таълимии симулятсионӣ, барномаҳои таълимии компютерии интерактивӣ, маводи аудио ва видеоӣ оид ба фанҳои гуногуни тиббӣ бо ҷалб кардани мизоҷон барои омӯзиш ва арзёбии малакаи касбӣ истифода бурда мешаванд.
Ҳамзамон донишкада бо 47 муассисаи тиббӣ-профилактикии шаҳри Душанбе барои дарсҳои таълимӣ-амалӣ шартномаи ҳамкорӣ бастааст.
Барои пешбурди раванди таълиму тарбия дар сохтори донишкада 26 кафедра фаъолият дорад, ки аз ин теъдод 17 кафедра тахассусӣ мебошад.