Дар назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон гимназия таъсис ёфт

01-08-2024
Дар назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода гимназия ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин хусус Ректори донишгоҳ Жило Гулназарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Дар назди гимназия Маркази инкишофи кӯдак низ таъсис дода шудааст. Дар айни замон қабули хонандагон ба гимназия аз синфи 1 то 11 оғоз шудааст. Теъдоди муайяншудаи хонандагон дар гимназия 350 нафар ва дар Маркази инкишофи кӯдак 60 нафар мебошад», -гуфт Жило Гулназарзода.
Зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки тибқи натиҷаи қарори комиссияи аттестатсионии хатм, дар соли таҳсили 2023-2024 донишгоҳро 958 нафар, аз ҷумла 566 нафар шуъбаи рӯзона, 362 нафар шуъбаи фосилавӣ, 30 нафар зинаи магистратура ва 6 нафар зинаи докторантура (РhD)-ро хатм намуданд, ки нисбат ба соли 2023 129 нафар зиёд аст.