Дастпарварони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аввалин шуда, дар кишварҳои Аврупо рисолаи доктор PhD-ро ҳимоя намудаанд

25-07-2024
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон яке аз аввалин донишгоҳҳо дар ҷумҳурӣ мебошад, ки дастпарварон ва омӯзгоронаш дар хориҷи мамлакат, аз ҷумла дар Лаҳистон, Испания, Италия, Португалия ва Австрия рисолаи доктор PhD-ро ҳимоя намуда, ҳоло дар донишгоҳ ва дигар сохторҳои мамлакат фаъолият доранд. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Хайрулло Назарзода баён дошт.
Гуфта шуд, ки ташаккули эътибор ва густариши ҳамкории байналмилаллии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳими рушд ба ҳисоб рафта, барои ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ замина мегузорад.
Иттилоъ дода шуд, ки шуруъ аз моҳи январ то охири моҳи соли равон, бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкории судманди дуҷониба бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷии мамлакат, 12 нафар омӯзгорону пофессорони донишгоҳ барои табодули таҷриба ва иштирок дар барномаҳои гуногуни илмӣ-тадқиқотӣ сафарҳои корӣ анҷом доданд.
Хайрулло Назарзода изҳор намуд, ки дар соли 2024 донишгоҳ дар самти ҳамкорӣ, табодули академӣ ва дигар ҷанбаҳои фаъол дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ бо Донишгоҳи Кадизи Испания, Кемёнги Кореяи Ҷанубӣ, Орадеаи Руминия, Қарағанда, Алама-Менеҷменти Ҷумҳурии Қазоқистон, Аэрокайҳони шаҳри Шеняни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар донишгоҳҳо ба роҳ мондааст.
Гуфта шуд, ки дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 3552 нафар донишҷӯ таҳсил мекунад, ки аз инҳо 25 нафарошонро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»