Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2024» ҷамъбаст гардид

15-08-2024
13-14 август даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2024» ҷамъбаст шуд, ки дар он мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №112-и ноҳияи Сино Фирӯза Ғаюрова сазовори ҷойи якум гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, барои муайян намудани ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ фаъолияти педагогӣ, дониш ва маҳорати касбии мураббӣ, машғулияти таълимӣ, тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости ҳайати доварон ва таҳлили ҳолатҳои равонӣ ба назар гирифта шуд. Барои ҳар довталаб зимни гузаронидани машғулият ва кор бо кӯдакон вобаста ба гурӯҳҳои синнусолӣ аз 30 то 35 дақиқа вақт пешбинӣ гардид.
Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон» ҳар сол бо мақсади баланд бардоштани мақоми таҳсили томактабӣ дар шароити кунунӣ ва нишон додани афзалияти таҳсили томактабӣ дар пешрафти ҷомеа, дарёфт ва ошкор сохтани мураббиёни боистеъдод, навовар ва эҷодкор, қадрдонии меҳнати онҳо ва баланд бардоштани мақому манзалат дар ҷомеа, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳаи маориф, тарғиб намудани таҷрибаи пешқадами мураббиёни беҳтарини Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд ва шаффоф гузаронидани он тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.