Донишгоҳи давлатии Кӯлоб барои омӯзгорону донишҷӯён хобгоҳи 10-ошёна месозад

31-07-2024
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барои омӯзгорону донишҷӯён бинои 10-ошёнаи хобгоҳ бунёд мекунад. Дар ин хусус ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Дилшод Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Тадбирҳои ҳамоҳангсозӣ ва расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ роҷеъ ба сохтмони бинои 10-ошёнаи хобгоҳ барои омӯзгорону донишҷӯён бо тарҳи муосиру шароити муносиб дар рӯ ба рӯйи бинои факултети физика ва математика, пушти бинои кӯдакистони донишгоҳ пурра ба анҷом расида, оғози корҳои сохтмонӣ дар назар аст», -гуфт ректори донишгоҳ.
Зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки шумораи умумии хатмкунандагон дар соли 2024 дар таълими рӯзона, фосилавӣ ва магистратура 2 ҳазору 327 нафарро ташкил медиҳад.
Донишҷӯёне, ки донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намудаанд, 60 нафарро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба соли 2023 8 нафар зиёд аст.