Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон қабули донишҷӯёнро қариб 100 фоиз иҷро намуд

01-08-2024
Натиҷаи фаъолияти дастҷамъонаи кормандони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон буд, ки дар шашмоҳаи аввали имсол донишгоҳ ба нишондиҳандаҳои назарраси таълимиву илмӣ, тарбиявию байналмилалӣ ва молиявӣ комёб гардида, нақшаи қабул дар донишгоҳ қариб 100 фоиз иҷро гардид. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии ин муассиса ректори донишгоҳ Ҳомид Ҳошимзода иттилоъ дод.
Ба иттилои ректори донишгоҳ, дар давраи ҳисоботӣ ҳамкории байналмилалии донишгоҳ густариш ёфта, миқдори созишномаҳо бо муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таълимӣ ва фарҳангии хориҷӣ ба 113 адад расонида шуд. Ҳамзамон робитаҳо бо донишгоҳу донишкадаҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус, Қазоқистон, Узбекистон дар соли таҳсили 2023-2024 фаъолтар гардид.
Иброз гардид, ки дар таърихи навини давлатдорӣ, яъне 33 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи илму маорифи мамлакат ҳамчун соҳаи калидӣ, захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ эълон гардида, мақому манзалати шоиста касб намуд.
Дар донишгоҳ таҳсил дар асоси низоми таҳсилоти кредитӣ ва низоми таҳсили фосилавӣ амалӣ шуда, ҳоло қабули ҳуҷҷатҳо барои зинаҳои магистратураву докторантура ва идомаи таҳсилу гирифтани маълумоти дуюм дар донишгоҳ идома дорад.