ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲҲОИ КОРИИ ТАҲИЯИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

29-07-2024
29-уми июли соли равон дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода доир ба натиҷагирӣ аз раванди фаъолияти гурӯҳҳои кории таҳияи китобҳои дарсии фанҳои таълимии забони тоҷикӣ ва математика барои синфи 5-ум ҷаласа баргузор гардид.
Дар ҷаласа президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ш. Сафарзода, директори Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдурраҳмони Ҷомӣ А. Наҷмиддиниён, директори Муассисаи нашриявии «Маориф» К. Исозода, муовини директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Ф. Раҳмонзода ва аъзои гурӯҳҳои кории таҳияи китобҳои дарсии фанҳои таълимии забони тоҷикӣ ва математика иштирок намуданд.
Дар оғоз раиси ҷаласа аз ташаббусҳои Вазорати маориф ва илм дар самти таҳияи китобҳои дарсии насли нав, саҳми шарикони рушд дар татбиқи ислоҳоти соҳа, тарбияи мактаби муаллифони адабиёти таълимӣ ёдовар шуда, таъкид дошт, ки китобҳои дарсии ба муносибати босалоҳият нигаронидашуда барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, махсусан, омӯзиши фанҳои дақиқ, риёзӣ, табиатшиносӣ ва забономӯзӣ мусоидат мекунанд.
Дар баробари ин, аз ҷониби раиси ҷаласа дастур дода шуд, ки китобҳои дарсии таҳияшаванда аз ҷониби муқарризон ҷиддӣ арзёбӣ гардида, зимни таҳия ва ороиши онҳо таҷрибаи пешқадами давлатҳои ҳамсоя ва арзишҳои милливу давлатдории халқи тоҷик ҳатман риоя карда шавад.
Зикр гардид, ки дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо дар самти таҳияи китобҳои дарсии насли нав бомаром идома дошта, тибқи барномаи дурнамо то соли 2030 бояд 54 номгӯй китоби дарсии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дар баробари ин стандарту барномаҳои онҳо куллан бознигарӣ карда шаванд.