Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе бо 35 муассисаи таълимию илмии хориҷӣ созишнома дорад

07-08-2024
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе бо 35 муассисаи таълимию илмии хориҷӣ созишнома ва қарордод ба имзо расонидааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори иҷроияи филиали донишгоҳ Рустам Ғаниев ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Тибқи амалишавии ин созишномаҳо дар филиал мунтазам барномаҳои мубодилаи кормандону омӯзгорон, иштирок дар мактабҳои тобистона ва таҳқиқоти илмӣ–амалии муштарак гузаронида мешаванд. Инчунин дар шашмоҳаи аввали соли 2024 филиал бо Институти таҳқиқоти демографии Маркази федералии илмӣ–таҳқиқотии сотсиологии Академияи илмҳои Русия ва шуъбаи Навойигии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон 2 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид», -гуфт Рустам Ғаниев.
Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти филиал рушди содироти хизматрасонии таълимӣ мебошад, ки дар доираи он зиёдкунии пайдарҳами шумораи донишҷӯёни хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар филиал 25 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил дорад, ки 6 фоизи теъдоди умумии донишҷӯёнро ташкил медиҳанд.
Донишҷӯёне, ки аз хориҷи мамлакат таҳсил мекунанд, 19 нафарашон аз Федератсияи Русия, 2 нафар аз Ҷумҳурии Узбекистон, 2 нафар аз Ҷумҳурии Қазоқистон, 2 нафар аз Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд.
Дар идомаи нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки рушди табодули байналмилалӣ ба пешрафти филиал дар фазои илмии таҳсилотии байналмилалӣ мусоидат мекунад.
«Дар давраи ҳисоботӣ ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён ба Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Узбекистон, Чин, Ҳиндустон ва Кения 114 сафар анҷом дод. Мақсади асосии сафарҳои хизматӣ иштирок дар чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва гузарондани корҳои илмию таҳқиқотӣ мебошад», — афзуд Директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе Рустам Ғаниев.