ФИЗИКОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР 54-УМИН ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНИИ «IPhO» СОҲИБИ МЕДАЛИ БИРИНҶӢ ВА ҶОИЙ ИФТИХОРӢ ГАРДИДАНД

28-07-2024
Аз 21 то 29 июли соли 2024 дар Донишгоҳи технологии вилояти Исфаҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон 54-умин Олимпиадаи ҷаҳонии «IPhO» аз фанни физика баргузор гардид.
Дар ин олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ 44 давлат, 2 кишвари меҳмон ва зиёда аз 200 нафар хонандагони болаёқат бо ҳам сабқати илмӣ намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро 5 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии кишвар муаррифӣ намуда, Салимов Хусанҷон, хонандаи синфи 11 аз Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи III ва Ҳайдари Муҳаммадробеъ хонандаи синфи 11 аз Муассисаи давлатии таълимии «Литсей №3 барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд.