Хуҷанд: Ба бинои иловагии гимназияи №4-и шаҳр санги асос гузошта шуд.

03-08-2024
Бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба бинои иловагии гимназияи №4-и шаҳр  санги асос гузошта шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими гузоштани санги асос барои синфхонаҳои иловагии гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд дар ҳузури аҳли таълимгоҳи номбурда изҳор дошт, ки алъон дар ҳудуди вилоят бинобар афзоиш ёфтани аҳолӣ бунёди даҳҳо адад мактабҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ ҷараён дорад, ки он то ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори чунин иншоот  бамаротиб зиёд хоҳад шуд. Хушбахтона ин иқдоми Давлату Ҳукуматро соҳибкорон, аҳолӣ ва шахсони алоҳида дастгирӣ намуда, дар бунёди иншооти соҳаи маориф саҳми муассир гузошта истодаанд. 
Роҳбари вилоят гуфт, ки ин ҳама тадбир дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, сол ба сол масъалаи мушкилоти норасоии ҷои нишаст дар макотиби вилоят аз байн бурда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки бунёди бинои иловагӣ ин муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна бо таҳхона ва 32 синфхонаи таълимӣ иборат буда,  бо  назардошти фарогирии 960 нафар хонанда дар як баст то ҷашни Наврӯзи байналмилали соли 2025 сохта ба истифода дода хоҳад шуд. 
Иқдом ва сохтмони ин бинои иловагии таълимӣ аз ҷониби ширкати ватании “Тоҷ-сохтмон” амалӣ карда мешавад, ки дар шаҳри Хуҷанд таҷрибаи хуби хонасозиро дорад. 
Бо дуои собиқадорони соҳаи маорифи шаҳр ба сохтмони бинои иловагии гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд санги асос гузошта шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд