ИШТИРОКИ ХИМИКОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР 56-УМИН ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНИИ «IChO»

22-07-2024
Аз 21 то 30 июли соли равон дар Донишгоҳи Шоҳ Сауди шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ 56-умин Олимпиадаи ҷаҳонии «IChO» аз фанни химия баргузор мегардад.
Дар ин Олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ зиёда аз 350 нафар хонандагони болаёқат аз 90 давлат бо ҳам сабқати илмӣ мекунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Олимпиада 4 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии кишвар муаррифӣ менамоянд.
Дастаи мунтахаби мамалакатро Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ пешвоз гирифта, бо ин сафирони навраси илму маориф мулоқот гузарониданд.
Аксҳо аз ҷараёни муаррифии дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати кушодашавии Олимпиади ҷаҳонии «IChO» аз фанни химия дар зер оварда мешавад.