МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ: БА ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ БАҲОИ БАЛАНД ДОДА ШУД

31-07-2024
Имрӯз дар Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо" бо иштироки намояндагони Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботии ташкилоти ибтидоии "Болаёқат"-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо баргузор карда шуд.
Дар аввал ҳисобот оид ба фаъолияти ҳизб шунида шуда, аъзои нави раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихобот карда шуданд.
Дар идома кормандони нав ба кор қабул шуда ба сафи ҳизб пазируфта шуда, ҳизбиёни фаъол бо "Ифтихорнома"-ҳои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардидаанд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ аз ҷониби намояндаи Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баҳои баланд дода шуд.