МАШВАРАТИ КОРШИНОСОН, ОЛИМОН ВА МУТАХАССИСОН: ТАШХИСИ ЛАЁҚАТМАНДӢ ШАРТИ АВВАЛИ КОР БО ХОНАНДАГОНИ СОҲИБИСТЕЪДОД АСТ

07-08-2024
Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо” бо ҷалби олимон, мутахассисон ва коршиносон семинар-машварати илмӣ дар мавзуи “Шинохти хонандаи болаёқат: индикаторҳо ва ташхиси педагогӣ-психологӣ” баргузор гардид.
Дар кори семинар коршиносоне, ки бевосита дар ин самт фаъолият намуда истодаанд ва таҷрибаи ғанӣ доранд, даъват гардида, ҳамзамон тавассути технологияи муосири коммуникатсионӣ дастрасии озод пешниҳод карда шуд. Яъне дар баробари иштирокдорон ҳар нафари дилхоҳ метавонист тавассути интернет пайваст шуда, рафти семинари мазкурро мушоҳида намоянд. 
Дар рафти семинар сухани ифтитоҳиро директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, муҳтарам Муҳамадҷон Ғафорзода ироа намуда, баргузории чунин семинарҳои илмӣ-амалиро ба манфиати кор унвон намуданд. Аз ҷумла қайд карда шуд,ки масъалаҳои дар рафти семинар-машварати илмӣ матраҳшаванда аз қабили ташхиси педагогӣ, лаёқатмандӣ, ташхиси психологӣ, муайян намудани самт ва сатҳҳои лаёқатманди кӯдакон ва дигар ҷанбаҳое, ки баррасӣ гардиданд ба манфиати кор буда, яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи маориф ба ҳисоб мераванд.
Дар кори семинар маърузачиён баромадҳои худро ироа намуда, атрофи суханрониҳои онҳо музокираву мубоҳисаҳо сурат гирифт.