МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ОМОДА МЕШАВАНД

12-08-2024
12-уми августи соли ҷорӣ муовини вазири маориф ва илми кишвар Равшан Каримзода дар идома аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №10 ва 58-и шаҳри Ваҳдат дидан намуд.
Дар рафти боздид тавре муайян гардид муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №58 ба соли нави хониш омода гардида, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 корҳои таъмирӣ идома дорад.
Муовини вазири маориф ва илм вобаста аз таъмири ҷорӣ ва пурра баровардани муассисаҳои таълимӣ, омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонггузаронӣ, боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия, иштироки бештари хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва дигар самтҳо бо масъулини шуъбаи маориф, директорону омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат вохӯрию суҳбат анҷом дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон