МУШОВАРАИ СОҲАИ МАОРИФ ВА БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМ

07-08-2024
Санаи 7-уми августи соли равон мушовараи навбатии соҳаи маориф дар Коллеҷи тиббии инноватсионии шаҳри Бохтар бо иштироки сардори раёсати маориф муҳтарам Зиёдулло Абдулзода, мудирони шуъбаву бахшҳои маориф ва директорҳои марказҳои соҳаи маориф, мушовирони кабинетҳои методӣ ва дигар масъулон баргузор гардид.
 Дар мушовара самтҳои асосии мавриди таваҷҷуҳ иҷрои дастури раиси вилояти Хатлон ва вазири маориф ва илми кишвар ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сифати таҳсилот ва муҳайё кардани шароити таълиму тарбия мебошанд.
Дар қисмати аввали мушовара пешниҳоди Прокуратураи вилояти Хатлон дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу омилҳои ба онҳо мусоидаткунанда дар мавриди пешгирии ҷинояткорӣ миёни ноболиғон ва дигар самтҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар баррасии масъалаҳои мазкур намояндаи Прокуратураи вилояти Хатлон Саидзода Хуршед иштирок карда, вобаста ба пешгирӣ кардани амалҳои номатлуб дар соҳаи маориф изҳори назар кард. 
Гуфта шуд, ки баҳри роҳ надодан ба ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои номатлуб аз тарафи ноболиғон ва кормандони соҳаи маориф дар дастаҷамъӣ бояд мубориза барем ва насли наврасро дар рӯҳияи дӯстдории ватан ва риояи қонунҳо ба камол расонем.
Баъдан, дар мушовара сардори раёсати маориф оид ба вазъи соҳаи маорифи вилояти Хатлон дар нимсолаи якуми соли 2024 изҳори назар кард. Сипас, сармутахассиси раёсати маориф Ниёзалӣ Ашурзода дар хусуси вазъи фаъолияти истироҳатгоҳҳои наздимуассисавӣ ва фарогирӣ ба онҳо дар ноҳияҳои Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён, Вахш, Данғара , Темурмалик ва Ховалинг ҳисобот пешниҳод намуд. Инчунин, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ Ҳокимшо Юсуфзода  ҷиҳати иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2024" ва вазъи фарогирии наврасон дар истироҳатгоҳҳо баромад кард. Директори Муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон Сафарзода Гулистон дар бораи ҷалби кӯдакону наврасон дар давраи таътили тобистона ва маҳфилҳои назди муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Панҷ ва вазъи баргузории чорабиниҳо дар давраи таътил ҳисобот пешниҳод кард. Сармутахассиси раёсати маориф Маъруф Абдуллозода ва дигар иштирокдорон вобаста ба самтҳои гуногуни фаъолияти соҳаи маориф сухан карданд.
Барои иҷрои сифати баланди дастару супоришҳо сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон муҳтарам Зиёдулло Абдулзода кормандони раёсати маориф, мудирони шуъбаву бахшҳои маориф ва директорҳои марказҳои соҳаи маорифро вазифадор кард.

Хадамоти матбуоти 
Раёсати маорифи вилояти Хатлон