НАЗОРАТИ ВАЗЪИ ОМОДАГИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ

01-08-2024
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои супоришҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини вазири маориф ва илми кишвар мӯҳтарам Каримзода Равшан Азам аз ҳолати омодагӣ ба соли нави хониш дар ноҳияи Балҷувон дидан ба амал овард. Дар рафти сафари корӣ муовини вазири маориф ва илмро сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон муҳтарам Абдулзода Зиёдулло ҳамроҳӣ намуд.
Зимни сафари корӣ муовини вазири маориф ва илм вобаста ба таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон, таҳсили ҳатмии синфи 10 ва 11-и хонандагон, фаъолият ва фарогирӣ дар Маркази инкишофи барвақтии кӯдак, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак" ва дигар самтҳои ҷорӣ бо масъулини шӯъбаи маориф, омӯзгорон ва раиси кумитаи падару модарони муассисаҳои таълимии ноҳияи Балҷувон вохӯрию суҳбат анҷом дод.
Сипас, муҳтарам Каримзода Равшан Азам аз вазъи таъмири ҷории бино ва синфхонаҳои муассисаҳои таълимӣ дидан карда, барои беҳтар ба роҳ мондани раванди корӣ ба масъулин дастуру супориш дод.


Хадамоти матбуоти 
Раёсати маорифи вилояти Хатлон