НИШАСТИ МАТБУОТИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД ...

26-07-2024
Имрӯз, 26 июли соли 2024 дар толори Академияи таҳсилоти Тоҷикистон тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои олӣ, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2024 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 марти соли 2005, №АП-1677 нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсат, шуъба ва бахши дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузоришаванда дар соҳаи маориф ва 42 нафар намояндаи васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.
Дар нишаст аз ҷониби 12 нафар намояндаи ВАО 23 савол пешниҳод гардид, ки ба ҳар кадоми он вазири маориф ва илм, муовини якум, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ посухҳои мушаххас доданд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон