ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Хатмкардагони мактабҳои шаҳри Турсунзода дар таъмири муассисаи таълимӣ саҳм мегузоранд

11-08-2024
Бо ибтикори роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва дастгирии хатмкардагони солҳои пешини Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 14-и ҷамоати 10-солагии Истиқлолият таъмири синфхонаҳои мактаб идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.
Дар муассисаи таълимӣ дару тирезаҳои замонавӣ насб шуда, синфхонаҳо бо тахтаи синф, мизу курсиҳои нав таъмин гардиданд.
Масъулин ва сокинон иқдом гирифтаанд, ки намои берунии муассисаро низ навсозӣ намуда, онро бо сифати баланд рангу бор намоянд. Бо ин мақсад фаъолони деҳот ва устоҳои маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, корҳои таъмиру барқарорсозӣ босуръат идома доранд.
Мақсади асосии амалӣ намудани чунин иқдоми неку шоиста- фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил барои насли наврас аст. Он аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» сарчашма мегирад.