ҲОЛАТИ НИГАРОНКУНАНДА ДАР МАКТАБИ №39-И МУЪМИНОБОД

16-08-2024
16-уми августи соли ҷорӣ дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39-и ноҳияи Муъминобод дидан намуд.
Зимни боздид вазири маориф ва илм ба рафти омодагии муассисаи таълимии мазкур ба соли нави таҳсил, аз ҷумла, таъмини муассиса бо кадрҳои омӯзгорӣ ва таъмини хонандагон бо ҷойи нишаст, харидории ангишту ҳезум ва маводи сузишворӣ ҷиҳати омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистони соли таҳсили 2024-2025 ва чанде дигар шинос гардид. Маълум шуд, ки муассисаи таълимӣ ба соли нави таҳсил омода набуда, вазъи омодагии муассиса ба фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода низ нигаронкунанда мебошад. Зеро то ҳол ангишту ҳезум ва маводи сӯзишворӣ харидорӣ нашуда, муассиса пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда нашудааст. Ин дар ҳолест, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39 ҳудуди 1000 нафар хонанда таҳсил менамояду то оғози соли хониш рӯзҳое ба шумор мондааст.
Вазири маориф ва илм ба масъулини шуъбаи маориф ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ ҷиҳати дар кутоҳтарин муҳлат бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва пурра омода намудани муассиса ба соли нави таҳсил дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, таъкид намуд, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини соҳаро зарур аст, ба масъалаҳои таъмини хонандагон ба ҷойи нишаст, пурра омода намудани муассиса ба фасли тирамоҳу зимистони соли таҳсили 2024-2025, фаро гирифтан ба зинаи сеюми таҳсилот, риояи ҳатмии либосҳои тавсиявӣ, ба тариқи биллингӣ пардохт намудани маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ, ташкилу ба роҳ мондани маҳфилҳо дар муассиса диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.