ҒОЛИБИЯТИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД

30-07-2024
Аз 26 то 31 июли соли 2024 дар шаҳри Лакнави Ҷумҳурии Ҳиндустон Олимпиадаи байналмилалии «IMC-2024» (International Mathematics Olympiad) баргузор гардид.
Дар ин олимпиадаи сатҳи баланд аз 30 давлат зиёда аз 550 нафар хонандагони болаёқат бо ҳам сабқат намуданд. Олимпиада дар ду намуд - даставӣ ва инфиродӣ баргузор гардида, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 даста иборат аз 16 нафар хонандагони синфҳои 6-9 иштирок карданд.
Дар олимпиадаи мазкур дар намуди даставӣ, 1 даста сазовори чор ҷойи III ва аз намуди инфиродӣ 1 нафар соҳиби ҷойи III гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ дар даври интихобии олимпиада 85 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ иштирок намуда, 16 нафари онҳо ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.