ҒОЛИБИЯТИ НАВБАТӢ АЗ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «InIMC-2024»

02-08-2024
Аз 26 то 31 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Лакнави Ҷумҳурии Ҳиндустон Олимпиадаи байналмилалии «India International Mathematics Olympiad» «InIMC-2024» аз фанни математика баргузор гардид, ки дар он дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ иборат аз 16 нафар хонандагони синфҳои 6-9 иштирок намуда, сазовори панҷ ҷойи III гардиданд. 
 Бояд гуфт, ки Олимпиадаи мазкур сатҳи баланд буда, ҳамасола дар давлатҳои гуногуни дунё баргузор мегардад, ки имсол дар он 550 нафар иштирокчиён аз 30 кишвари дунё аз руйи категорияи даставӣ ва инфиродӣ бо ҳам сабқати илмӣ намуданд. 
Хонандагони тоҷик дар сабқати даставӣ соҳиби чор ҷойи III ва сабқати инфиродӣ бошад, сазовори ҷойи III гардиданд.
– Юсупов Меҳрубон – хонандаи синфи 9 Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе ҷойи III дар сабқати даставӣ ва инфиродӣ;
– Азиззода Абдулқодир – хонандаи синфи 9 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе;
– Холова Мунаввара – хонандаи синфи 8 Муассисаи таълимии хусусии «Литсей-интернати тоҷикӣ-русии Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Душанбе;
– Шодиев Аҳмадбек – хонандаи синфи 8 филиали Муассисаи таълимии хусусии «Литсей-интернати тоҷикӣ-русии Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Ҳисор;
– Юсупов Меҳрубон – хонандаи синфи 9 Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе то ин ҷониб дар 8 олимпиадаҳои сатҳи баланд аз фанни математика иштирок намуда соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст.
- Олимпиадаи байналмилалии  «InIMC-2021» ҷойи III дар Ҷумҳурии Индонезия.
- Олимпиадаи байналмилалии «EDUANT-2022» ҷойи I дар Ҷумҳурии Туркия
- Олимпиадаи байналмилалии «JBMO-2023» ҷойи III дар Ҷумҳурии Албания
- Олимпиадаи байналмилалии «BIMC-2023» ҷойи III дар Ҷумҳурии Булғория.
- Олимпиадаи байналмилалӣ ба номи «Махтумқули Фироқӣ» Ҷумҳурии Туркманистон 2024 ҷойи II.
- Олимпиадаи байналмилалии «Al-Khwarizmi-2024» ҷойи I дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
- Олимпиадаи байналиилалии «JBMO-2024» ҷойи II дар Ҷумҳурии Туркия 
- Олимпиадаи байналмилалии  «InIMC-2024» ҷойи III дар Ҷумҳурии Ҳиндустон.