ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ МЕДАЛИ ТИЛЛО ВА НУҚРА: СОҲИБОНИ АТТЕСТАТИ АЪЛО МУАРРИФӢ ШУДАНД

25-07-2024
Имрӯз, 25 июли соли 2024 дар Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби байналмилалии Президентӣ” дар шаҳри Душанбе бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода маросими қадрдонии озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равияҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ баргузор гардид.
Дар ибтидо вазири маориф ва илм ғолибонро табрику таҳният гуфта, дар амалӣ гаштани ҳадаф ва мақсадҳои минбаъдаашон барору комёбиҳо таманно карда, зикр кард, ки имрӯз бори дигар дар ин озмуни бонуфуз собит гардид, ки хонандагони закиву ҳушманди мо, воқеан ҳам дониши баланд дошта, барномаи таълимиро ба хуби азхуд намудаанд.
Пас аз анҷоми сухани ифтитоҳӣ, ифтихорномаҳо аз ҷониби вазири маориф ва илм ба ғолибони озмун супорида шуда, волидайн ва омӯзгорон миннатдорӣ ва сипосгузории худро ба Пешвои муаззами миллат, Ҳукумати кишвар ва ба дастандаркорон, барои ташкил ва дар сатҳи баланд баргузар намудани чорабинӣ, расониданд.