ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ. Дар Ёвон бинои иловагии мактаби №6 ба истифода дода мешавад

21-07-2024
Дар пайравӣ аз сиёсати бунёдкорона ва маорифпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муассисаи таълимии рақами 6-и деҳаи Қамбарии Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуповаи ноҳияи Ёвон бинои нави иловагии замонавӣ бунёд карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон иттилоъ медиҳад.
Бинои нави иловагӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои ҳашт синфхона ва утоқи корӣ мебошад. Сохтмони бинои нави таълимӣ дар арафаи соли нави хониши 2024-2025 ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Таъкид шуд, ки соҳаи маориф яке аз соҳаҳои калидӣ ва афзалиятноки Ҳукумати мамлакат ба шумор рафта, аз замони аввали соҳибистиқлолии давлат то ба имрӯз дар ин самт як қатор корҳои назаррас ба сомон расонида шудаанд. Инчунин барои беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад. Сохтмони биноҳои иловагӣ дар назди якчанд муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия низ бомаром идома доранд.