Пагоҳ даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз меёбад

14-08-2024
Пагоҳ, 15 август даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад, ки дар он 3716 довталаб иштирок менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Даври сеюми озмун аз 15 то 27 август дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар даври якуми озмун 251 ҳазору 266 нафар довталаб иштирок намуданд, ки нисбат ба соли 2023 иштирокчиён 11 ҳазору 609 нафар зиёд гардида, теъдоди иштирокчиён аз ҳисоби хонандагони синфҳои 1-5 афзудааст. Аз шумораи умумии 251 ҳазору 266 нафар иштирокчии даври аввали озмун 49 ҳазору 267 нафар ба даври дуюм роҳ ёфтанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 2216 нафар зиёд мебошад. Аз шумораи умумии 49 ҳазору 267 нафар иштирокчии даври дуюми озмун ба даври сеюм 3716 довталаб роҳхат гирифт.
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли шашум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад.