ПЕШВОЗГИРИИ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «TEENEAGLE»

12-08-2024
Санаи 12.08.2024., дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе истиқбоои ғолибони Олимпиадаи байналмилалии «TEENEAGLE» аз фанни забони англисӣ сурат гирифт.
Хонандагони тоҷикро, ки дар ин Олимпиадаи байналмилалӣ сазовори 1 ҷойи сеюм ва 2 ҷойи ифтихори гардиданд, роҳбарияти Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, роҳбарон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, волидайн ва намояндагони ВАО истиқбол гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои 23-30 июни соли 2024 дар шаҳри Лондони Шоҳигарии Британияи Кабир, Олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle» аз фанни забони англисӣ баргузор гардид. Олимпиадаи мазкур аз рўи 3 категорияи синнусолӣ ва 2 номинатсия доир гардида, байни хонандагони синфҳои 3-11 баргузор карда шуд. Дастаи мунтахаби Ҷумуҳурии Тоҷикистонро 3 нафар хонандагон аз муассисаҳои гуногуни таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ муаррифӣ намуданд.
Олимпиадаи мазкур сатҳи миёна буда, ҳамасола дар кишварҳои гуногун аз ҷумла Шоҳигарии Британияи Кабир, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Малайзия барои дӯстдорони фанни забони англисӣ баргузор мегардад. Дар ин Олимпиада аз 30 кишвари олам иштирок намуданд.